Ссылки доступа

Харҷи парвоз муҳоҷирони кории тоҷикро метарсонад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Олимзода: "Вазорат дастури ташхиси бакоратро надодааст ва намедиҳад". Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ташхиси пардаи бакорат қабл аз издивоҷ ихтиёрӣ аст ва табибон духтаронро барои анҷоми чунин ташхис маҷбур намекунанд (видео)

- Харҷи парвоз муҳоҷирони кории тоҷикро метарсонад. Муҳоҷирону мусофирони тоҷик мегӯянд, нархи билети ҳавопаймо рӯ ба боло овардааст ва онҳо барои харидани билет пул надоранд (видео)

- “Чилпо маро бехона кард”. Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашараест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст. Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав онро “чилпо” меноманд (видео)

- Мақомот аз мардикорон чӣ мехоҳанд? Талаби мақомоти Тоҷикистон барои расмӣ кардани фаъолияти шахсоне, ки кироякор ҳастанд, мардикоронро нигарон кардааст. Мақомот чӣ мехоҳанд, мардикорон чӣ? (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд ба Туркияву Лаҳистон раванд. Тайи тақрибан ду моҳи охир беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон расман аз мақомот хостаанд, ки онҳоро барои кор ба Лаҳистону Туркия фиристанд. Ин иттилои расмист, аммо сафи онҳое, ки тавассути ширкатҳои хусусӣ ё таваккалӣ ба он кишварҳо барои кор рафтаанд, маълум нест (видео)

- Агар хазинаи гаронбаҳо ёбед, чӣ мекунед? Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки ҷустуҷӯ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳоро осон кунанд. Пурсиш аз роҳгузарон: агар санги қиматбаҳо ваё хазинаи гаронбаҳо ёфтанд, чӣ кор хоҳанд кард? (видео)

- Пулиси Қазоқистон боздошти иштирокдорони эътирози модарони серфарзандро оғоз кард. (видеои Настоящее время)

- Намоиши филми "арӯсрабоӣ" қирғизистониҳоро ба хашм овард. Ин филмро телевизиони асосии Қирғизистон тирамоҳи соли 2018 ба намоиш гузошт ва таҳиягаронаш мегӯянд, рабудани арӯс "анъанаи қадимӣ"-и мардуми қирғиз аст. Вале корбарон таҳиягарони онро дар таблиғи ҷинояткорӣ айбдор мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Ҳаёт ва марги Алтинбек Сарсенбоев. Сиёсатмадори мухолифи қазоқ, вазири пешини иттилоот ва ҳамраиси Ҳизби "Ак жол" Алтинбек Сарсенбоев 13 сол пеш кушта шуд. Сарсенбоевро ҳамроҳи ду ёвараш - муҳофиз Бауиржон Байбосин ва ронанда Василӣ Журавлев 11 феврали 2006 дар шаҳри Алмато рабуданд. Ду рӯз пас ҷасади онҳо ёфт шуд. (нигористон)

- Таксии ройгон дар ҳавои сард. Дар шимоли Қазоқистон ҳаво хеле сард аст ва ихтиёриёни Павлодар ба хотири мунтазир намондани сокинон дар истгоҳҳо мусофиркашҳои ройгонро роҳандозӣ карданд (видео)

- Хадамоти ҳолатҳои фавқулода хонаҳои сокинони серфарзанди Остонаро тафтиш мекунад (видео)​

- "Моржҳо"-и норинӣ. Ду дӯст ҳар ҳафта дар оби сард оббозӣ мекунанд (видео)​

- Ғуломии асри 21: дар ИМА чи гуна аз фоҳишагӣ наҷот медиҳанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG