Ссылки доступа

Тоҷикистон барои маҳбусони якумрӣ ҷои кор ташкил мекунад


Тоҷикистон баробари сохтани зиндони вижа барои маҳбусони якумрӣ, онҳоро дар дохили иморатҳои махсус ба кор ҷалб хоҳад кард. Феълан зиндониҳои якумрии тоҷик дар ҳуҷраҳои алоҳидаи зиндон ё боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Масъалаи ҷалби маҳбусони якумриро ба кор як гурӯҳи вижа зери раҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон охири моҳи январи имсол ва ҳангоми баҳси барномаи зидди шиканҷа баррасӣ кардааст.

Дар сурати иҷро шудани ин тасмим, маҳбусони якумрие ба монанди Ғаффор Мирзоев, раҳбари собиқи Горди президентӣ, Сӯҳроб Лангариев, бародари яке фармондеҳони Фронти Халқӣ ва Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлавар ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар дохили зиндон ба кор хоҳанд пардохт. Аммо мақомот эълон накарданд, ки онҳо чи кор хоҳанд кард.

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, дар ду моҳи оянда нақшаи сохтмони зиндони маҳбусони якумрӣ таҳия хоҳад шуд. Қарор аст, ин зиндон ва як боздоштгоҳи дигар дар минтақаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бунёд шавад.

“Аз нақшаи генералии зиндон вобаста аст. Дар он ҷо иморатҳои махсус мекунем, то зиндониҳои якумрӣ дар дохили он ба кор ҷалб шаванд”, - афзуд ӯ.

Феълан дар баъзе аз зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусоне ба кор ҷалб карда шудаанд, ки ки ҳукми нисбатан сабуктар доранд. Ин гурӯҳи маҳбусон бештар сандуқ ва корду гаҳвора месозанд, ки дар бозорҳои кишвар ба фурӯш гузошта мешавад. Дар гузашта масъулони зиндон аз маҳбусоне мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон мисол оварда буданд, ки ба сохтани сандуқ машғул аст.

Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусамадов мегӯяд, розӣ нест, ки фарзандаш дар зиндон кор кунад ва ё бо дигарон нигаҳдорӣ шавад. Ӯ гуфт, ҳанӯз ақидаҳои писараш дигар нашудааст. “Танҳо буданаш ба фикрам беҳтар аст. Ақидаҳояш ҳанӯз вайрон аст. Метарсам, ки бо дигарон бошад, ягон кор накунад”, - афзуд ӯ.

Тоҷикистон соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълом ва ба ҷои он ҳабси якумрӣ ҷорӣ кард. Бино ба баъзе хабарҳо, дар зиндонҳои кишвар 80 маҳбуси якумрӣ нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG