Ссылки доступа

Аз сокинони Бишкек даъват шуд, барои арусӣ аз бонк қарз нагиранд


Шаби 10 ба 11 феврал як гуруҳи фаъолон рӯи роҳи наздик ба муассисаҳои молии шаҳри Бишкеки Қирғизистон навиштанд, ки "Барои арусӣ аз бонк қарз нагиред!".

Барои навиштаҳо даромадгоҳи бонкҳо ҳадафмандона интихоб шудааст, хабар доданд фаъолон.

Фаъолон бовар доранд, ки одамон бо пул муносибат карданро намедонанд. "Барои баргузории чорабиниҳои камаҳамият қарз мегиранд. Онҳо барои тиҷорат на, балки барои баргузории туй қарз мегиранд. Баъд дар чоҳи қарз фурӯ мераванду ҷавонон ба ивази чашидани хушиҳои зиндагӣ дар фикри баргардонидани қарз мешаванд", - шарҳ доданд онҳо.

Фаъолон гуфтанд, ки рафтори онҳо ба ҳеч ваҷҳ зидди фаъолияти бонкҳо равона нашудааст.

Дар Қирғизистон маросимҳои арусӣ бо ширкати шумори зиёди меҳмонон барпо мешаванд ва дар бештари ҳолат навхонадорон ё волидони онҳо маҷбур мешаванд, ки аз бонк қарз бигиранд. Ҳукумат ва порлумони Қирғизистон аз маъракаҳои серхарҷ борҳо изҳори нигаронӣ ва даъват карданд, ки танзиме ҷорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG