Ссылки доступа

БАБР барои коркарди конҳои нафти Туркманистон дар баҳри Хазар пул намедиҳад


Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) барои коркарди конҳои нафти Туркманистон дар баҳри Хазар қарз нахоҳад дод. Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи "Crude Accountability" 7 феврал иттилоъ дод.

"Crude Accountability" аз тасмими БАБР истиқбол намудааст, ки додани қарзро дар доираи лоиҳаи CMI Offshore барои дастгирии коркарди конҳои нафт дар бахши туркманистонии баҳри Хазар манъ кард.

Маблағ 21 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, мебоист дар давоми 5 сол ба ширкати CMI Offshore Ltd пешниҳод мешуд, ки дар робита ба коркарди кони нафтҳо дар бахши туркманистонии баҳри Хазар хадамоти ҳамлу нақл ва баҳриро мерасонад.

Дар иттилоияи созмон омадааст, "Crude Accountability" сахт мубориза мебурд, то ин қарз, ки худ зидди меъёрҳои дохилии БАБР аст, ба ҳукумати Туркманистон дода нашавад.

"Пули нафт ба ҷайби президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ворид мешавад. Туркманистон аз нигоҳи захираҳои нафт дар ҷаҳон мақоми чорумро касб мекунад, вале сокинонаш дар зимистон аз камбуди газ ранҷ мебаранд. Қарзҳои ҳамсон ба мардуми туркман ва муҳити зисти он кишвар фоида намеоранд ва танҳо ба рушди фасод, нақзи ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳанд кард", - афзудааст созмон.

Созмони ғайритиҷорӣ ва зистмуҳитии "Crude Accountability", ки қароргоҳаш дар ИМА аст, соли 2003 таъсис ёфт. Он бо фаъолон ва гуруҳҳои ҷамъиятие дар минтақаи Хазар ва баҳри Сиёҳ ҳамкорӣ мекунад, ки зидди таҳдидҳои манобеи табиӣ ва оқибатҳои ногуворашон ба ҳаёти инсон мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG