Ссылки доступа

Дар ҷануби Қирғизистон бо кумаки тоҷирони ӯзбекистонӣ маркази ҳамлу нақл ташкил шуд


Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон маркази ҳамлу нақл барои нигаҳдории меваву сабзавот сохта шуд.

Марказ чаҳор яхдон дорад, ки ҳар кадоми онҳо то 100 тона маҳсулотро мегунҷонанд.

Дар ҳоли ҳозир дар ин марказ 15 тона карам, 80 тона картошка ва 40 тона себ нигаҳдорӣ мешавад. Ин марказ бо кумаки тоҷирони Чину Ӯзбекистон бо харҷи 110 ҳазор доллар сохта шудааст.

"Мо ширкати истеҳсолкунанда ва содиркунанда нестем. Агар барои мо имтиёз дода нашавад, кор кардан душвор мегардад", - гуфт роҳбари марказ Гулноз Эргашова.

XS
SM
MD
LG