Ссылки доступа

Хонаводаҳои серфарзанди Қазоқистон имтиёз талаб доранд


Раҳбарияти ҳукумати вилояти Қарағандаи Қазоқистон дар пасманзари эътирозҳои модарони серфарзанди қазоқ 11 феврал бо беш аз сад намояндаи чунин хонаводаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқотеро баргузор кард.

Ин вохӯрӣ дур аз маркази маъмурии вилоят -- шаҳри Қарағанда, дар бинои Хонаи дӯстӣ баргузор шуда, волидони серфарзанд суолҳои худро ба мақомот пешниҳод карданд.

"Агар он кӯдакони ҳалокшуда намебуданд, ин мушкилиҳо рӯйпӯш мемонданд. Чаро модарони серфарзанд бояд дер ба нафақа бароянд? Онҳо аллакай ихтисос ва кор - модар буданро доранд. Суолҳо зиёданд. Таваҷҷуҳ кунед", - гуфт падари серфарзанд Михаил Захаров дар хитоб ба мақомоти Қарағанда.

Хонаводаҳои серфарзанди Қарағанда аз мақомот имтиёзҳои коммуналӣ, қисман ҷуброн шудани харҷи ангишт, додани имконияти пардохти маблағи таҳсили фарзандонашон давра ба давра, афзоиши кумакпулӣ барои серфарзандиро талаб карданд.

Ҳамчунин ибрози нигаронӣ шуд, ки модарро пас аз ба сини 18 расидани фарзандаш аз унвони "серфарзандӣ" маҳрум мекунанд. Бонувони қазоқ хостанд, он ҳадди ақал то ба сини 21 боло бурда шуда, хонаҳо ба оилаҳои серфарзанд дастрастар карда шаванд.

Бино ба омори расмӣ, дар вилояти Қарағанда 9 ҳазору 372 хонаводаи серфарзанд ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG