Ссылки доступа

“Чилпо маро аз хонаам бехона кард” (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Талаби модарони серфарзанд дар минтақаҳои Қазоқистон. Хонаводаҳои серфарзанд талабҳояшонро аз мақомот идома медиҳанд. Рӯзҳои истироҳати гузашта мақомдорони Қизилорда ва Чимкент занҳоеро ба ҳузур пазируфтанд, ки зиёд кардани кумакпулӣ, ҳалли масъалаи манзил ва имтиёзҳои дигарро талаб доштанд (Видео)

- Сокинони Хоҳони Афғонистон аз президенти Тоҷикистон кӯмак хостанд (видео)

- “Чилпо маро аз хонаам бехона кард”. Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашаротест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст. Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ин ҳашаротро “чилпо” меноманд (видео)

- Мақомот аз мардикорон чӣ мехоҳанд? Талаби мақомоти Тоҷикистон барои расмӣ кардани фаъолияти шахсоне, ки кироякор ҳастанд, мардикоронро нигарон кардааст. Мақомот чӣ мехоҳанд, мардикорон чӣ? (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд ба Туркияву Лаҳистон раванд. Тайи тақрибан ду моҳи охир беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон расман аз мақомот хостаанд, ки онҳоро барои кор ба Лаҳистону Туркия фиристанд. Ин иттилои расмист, аммо сафи онҳое, ки тавассути ширкатҳои хусусӣ ё таваккалӣ ба он кишварҳо барои кор рафтаанд, маълум нест (видео)

- Агар хазинаи гаронбаҳо ёбед, чӣ мекунед? Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки ҷустуҷӯ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳоро осон кунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки агар санги қиматбаҳо ваё хазинаи гаронбаҳо ёфтанд, чӣ кор хоҳанд кард? (видео)

- Ҷузъиёт: 15 соли Фейсбук ва роботи дастсохт. Фейсбук 15-солагиашро таҷлил мекунад. Ба кӯдакони то синни мактабӣ сохтани роботҳоро меомӯзонанд (видеои Настоящее время)​

- Насли нави Афғонистон дар бораи толибон чи фикр дорад (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG