Ссылки доступа

Раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон барканор шуд


Ихтиёр Абдуллоев аз мақоми раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон барканор ва ба ҷои ӯ вазири дифоъ Абдусалом Азизов таъйин шудааст.

Нашрияи “Газета.уз” рӯзи 11-уми феврал бо такя ба манбаи худ дар ҳукумати Ӯзбекистон навишт, "Абдуллоев ба хотири вазъи нохуби саломатиаш аз мақом рафт". Вай дар ин вазифа каме бештар аз як сол кор кард.

Ихтиёр Абдуллоев қаблан дар вазифаи додситони кулли Ӯзбекистон ва аз соли 2009 то 2018 ба ҳайси мушовири давлатии президент низ фаъолият дошт.

Генерал-лейтенант Абдусалом Азизови 59-сола ва раиси нави Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон якуним сол боз ба ҳайси вазири дифоъ кор мекард. Ҳоло курсии вазири дифоъро Баҳодур Қурбонов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои минтақавии Тошканд соҳиб шудааст.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, Абдусалом Азизов аз афроди вориди тими раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шумор меравад. Дар солҳое, ки Мирзиёев дар мақоми раиси Ҷиззах кор мекард, Азизов сардори раёсати корҳои дохилии ин вилоят буд.

Дар се соли раҳбарии Шавкат Мирзиёев, Азизов аз мақоми раиси пулиси вилоят то ба мақомҳои вазири умури дохилӣ, вазири дифоъ ва ҳамакнун раиси хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон расидааст.

Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон то ду соли пеш аз бастатарин ва “бераҳмтарин” ниҳодҳо дар он кишвар ба шумор мерафт. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ин идораро ба саркӯби бераҳмонаи дигарандешон, зиндонӣ кардани афроди норозӣ аз режими Ислом Каримов, марги мармузи даҳҳо маҳбус ва даст доштан дар саркӯби ошӯби соли 2005 дар Андиҷон айбдор мекарданд.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон, Рустам Иноятов, ки 23 сол ба Хадамоти амнияти миллии ин кишвар раҳбарӣ мекард, барканор шуд.

XS
SM
MD
LG