Ссылки доступа

Дар ростои гуруснагӣ. Сокинони Хоҳон хостанд, Тоҷикистон роҳро боз кунад


Сокинони чанд деҳаи наздимарзӣ дар Афғонистон гуфтанд, бинобар баста будани пули "Шӯрообод-Хоҳон", дастрасии онҳо ба маводи ғизоӣ мушкил шудааст.

Ин пул, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистонро бо улусволӣ ё ноҳияи Хоҳони Афғонистон мепайвандад, аз 1-уми январ имсол баста аст. Рӯзи якуми январ як чӯпон аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рабуда шуд ва бисёре аз сокинон баста шудани пулро ба ин ҳодиса рабт медиҳанд.

Ҳоло наздик ба 20 мошини боркаш дар марзи Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва иҷозаи убури марзро надоранд. Ноҳияҳои Хоҳон, Кӯфоб ва Шикайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар зимистон ба марказ роҳ надоранд, аз ин рӯ, пули "Шӯрообод-Хоҳон" барои рафтуо ва интиқоли маводи ғизоӣ истифода мешавад. Дар ин се ноҳия ҳудуди 200 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Нуралӣ Сайид, як соҳибкори афғонистонӣ, рӯзи 11-уми феврал гуфт, чаҳор мошини бузурги боркаши ӯ, ки маводи ғизоӣ доранд, дар назди пул дармондаанд. Ӯ гуфт, бисёре аз маводи ғизоӣ ҳоло ғайриқобили истифода шудаанд.

Сокинони ноҳияи Хоҳон мегӯянд, охирин захираи маводи ғизоӣ ба поён мерасад ва чашм ба роҳи боз шудани пул ҳастанд. Маҳмадаслам, як сокини ноҳияи Хоҳон рӯзи 11-уми феврал гуфт, дар дӯконҳо низ дигар маводи ғизоӣ пайдо кардан мушкил шудааст.

"То замони боз шудани пул мо пеш аз зимистон захира мекардем. Имсол захира накардем. Аз президенти кишвари дӯсту бародар мехоҳем, ки пулро боз кунанд, то мушкили мо сабуктар шавад", -гуфт ӯ.

Аҳмад Файсал Бекзод, раиси вилояти Бадахшони Афғонистон гуфт, ки мақомоти тоҷик расман сабаби баста будани пулро барои онҳо шарҳ надодаанд. "Пул баста аст, тақозо кардем, ки боз кунанд, вале боз нашуд. Барои мо сабаби баста будани пулро шарҳ надоданд", - гуфт волии Бадахшони Афғонистон.

Моҳи декабри соли 2017 пас аз кушта шудани Хайриддин Аҳтамов, полковники марзбон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Тоҷикистон панҷ пул (купрӯк) ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро қатъ карда буд. Аммо пас аз чанд моҳ дубора пулҳо боз шуда буданд.

Пуле, ки ҳоло баста аст, 180-метр дарозӣ дорад ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Корҳои сохтмонӣ дар ин пул бо маблағи 3 миллиону 100 ҳазор доллар аз тарафи Бунёди Оғохон ва бо кумаки молии ҳукумати Олмон амалӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG