Ссылки доступа

Сокинони Хоҳони Афғонистон аз президенти Тоҷикистон кумак хостанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 11 феврали соли 2019. Нархи билети ҳавопаймо коҳиш хоҳад ёфт, раҳбари Афғонистон Толибонро ба Кобул даъват кард, раҳбари хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон иваз шуд ва мардикорон Тоҷикистон дар фикри пайдо кардани масири нав барои муҳоҷирати корӣ ҳастанд. (видео)

- Сокинони Хоҳони Афғонистон аз президенти Тоҷикистон кумак хостанд. Сокинони чанд деҳаи наздимарзӣ дар Афғонистон мегӯянд, бинобар баста будани пули "Шӯробод-Хоҳон", мушкили дастрасӣ ба маводи ғизоӣ доранд. Ин пул, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистонро бо Хоҳони Афғонистон мепайвандад, сар аз 1-уми январи имсол баста аст. (видео)

- “Чилпо маро аз хонаам бехона кард”. Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашаротест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст. Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ин ҳашаротро “чилпо” меноманд (видео)

- Мақомот аз мардикорон чӣ мехоҳанд? Талаби мақомоти Тоҷикистон барои расмӣ кардани фаъолияти шахсоне, ки кироякор ҳастанд, мардикоронро нигарон кардааст. Мақомот чӣ мехоҳанд, мардикорон чӣ? (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд ба Туркияву Лаҳистон раванд. Тайи тақрибан ду моҳи охир беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон расман аз мақомот хостаанд, ки онҳоро барои кор ба Лаҳистону Туркия фиристанд. Ин иттилои расмист, аммо сафи онҳое, ки тавассути ширкатҳои хусусӣ ё таваккалӣ ба он кишварҳо барои кор рафтаанд, маълум нест (видео)

- Агар хазинаи гаронбаҳо ёбед, чӣ мекунед? Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки ҷустуҷӯ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳоро осон кунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки агар санги қиматбаҳо ваё хазинаи гаронбаҳо ёфтанд, чӣ кор хоҳанд кард? (видео)

- Осиё 360: Қаракӯл – Швейтсарияи қирғизӣ. (видеои Настоящее время)​

- Осиё: эътирози модарон аз Оқтеппа то Чимкент. Дар Қазоқистон мавҷи эътирози модарон хомӯш намешавад. Сохтмонҳои нави Душанбе андозбандии махсус шуданд: он ба нафъи кӣ аст ва аз ин пас нархи метри мураббаи хонаҳои нав чӣ қадар хоҳад шуд? Се бародар ба ҷангҳои Афғонистон рафта, зинда ба хона баргаштанд. (видеои Настоящее время)

- Мақомоти Тоҷикистон ба сохтмонҳои нав андози махсус ҷорӣ карданд. Нархи хонаҳо боз боло рафт. (видеои Настоящее время)​

- "Бигзор ҳаҷми кумакпулиро тавре муайян кунанд, ки бо он зиндагӣ карда шавад": идомаи эътирози модарон дар Қазоқистон. (видеои Настоящее время)

- Назари насли нави Афғонистон дар бораи Толибон (нигористон)

- Ҷузъиёт: 15 соли Фейсбук ва роботи дастсохт. Фейсбук 15-солагиашро таҷлил мекунад. Ба кӯдакони то синни мактабӣ сохтани роботҳоро меомӯзонанд (видеои Настоящее время)​

- Насли нави Афғонистон дар бораи толибон чи фикр дорад (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG