Ссылки доступа

"Барқи тоҷик": "Аҳолӣ аз ширкат ҳудуди 1 млрд сомонӣ қарздор аст"


Қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ ба марзи як миллиард сомонӣ расидааст. Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри ин омор мегӯяд, аҳолии Тоҷикистон бузургтарин қарздор аз истифодаи барқ мебошанд.

Даъвои "Барқи тоҷик" дар бораи қарздории аҳолӣ ҳамеша мавриди шубҳа ва баҳсҳои коршиносон қарор гирифтаст. Ҳарчанд мақомот ба дурустии арқоми худ таъкид мекунанд, аҳолӣ ва ҳам таҳлилгарон ба он шубҳаи ҷиддӣ доранд.

Алишер Аминов ҳар моҳ барои истифодаи барқ наздики 100 сомонӣ ва баъзан бештар аз он маблағ месупорад. Мегӯяд, агар чанд рӯз маблағро дертар супорад, нозири барқ пушти дари ӯро "охурча" мекунад. Ба қавли ин сокини 49-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар баробари ӯ дигар аҳолии маҳалла низ пули барқро саривақт месупоранд. Чун медонанд, ки насупоридани пули барқ онҳоро аз рӯшноӣ ва гармӣ маҳрум мекунад.

"Дар ин вақт дигар бе барқ зиндагӣ карда намешаванд, чӣ дар тобистон ва чӣ зимистон. Маҷбурем, аз куҷое набошад, ҳатто қарз карда маблағи барқро супорем. Як моҳ дертар супорӣ, нозири барқ бо милисаву "монтёр" ба дари хонаат меоянд. Бахусус дар охири моҳ, ки нозири барқ бояд нақшаашро иҷро кунад", - гуфт Аминов.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар маҳалли зисташ ба ҷуз як нафар дигар касеро намедонад, ки дар пардохти пули барқ таъхир карда бошад.

Аҳолӣ дар Тоҷикистон аз истифодаи барқ 956,8 миллион ё наздики як миллиард сомонӣ қарздоранд. Ин омори ахири ширкати "Барқи тоҷик" мебошад, ки рӯзи 11-уми феврал нашр шуд. Ба гуфтаи масъулини ширкати "Барқи тоҷик", танҳо дар соли гузашта қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ 80,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Як масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, қариб як миллиард сомонӣ қарзи аҳолӣ маблағе мебошад, ки давоми солҳои истиқлолият ҷамъ шудааст. Дар ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, рӯзи 13-уми феврал роҳбарияти ширкат ба рӯзноманигорон расман ин мавзӯъро шарҳ медиҳанд.

​Қарз аз истифодаи барқ қаблан баҳсҳоеро миёни аҳолӣ ва "Барқи тоҷик" ба миён оварда буд. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз сокинони Кӯлоб шикоят карданд, ки кормандони шабакаҳои барқӣ зимни ҳисоби барқи масрафкардаи хонаводаҳо "тақаллуб мекунанд" ва аз онҳо "пули бештар меситонанд".

Занҷир Каримов, яке аз ин сокинони норозӣ гуфт, масрафи барқро ҳар моҳ бе каму кост месупорад, вале ҳафтае пеш ба ӯ гуфтаанд, ки 2200 сомонӣ қарздор аст. Танҳо аз минтақаи Кӯлоб ҳадди аққал 12 нафар аз нодуруст ҳисоб шудани ҳаққи истифодаи барқ ба додситонӣ шикоят карда буданд. Додситонӣ муайян карда буд, ки дар бархе ҳолат нозирон дар вақти муҳосиба ҳаҷми барқи сарфкардаи аҳолиро зиёд навиштаанд.

"Барқи тоҷик" яке аз ду корхонаи азими давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ба таъкиди аудитҳои ҷаҳонӣ, ба ҷойи фоида зарар меоранд. Аз ҷумла, ташхиси аудитории "Барқи тоҷик", собит карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.

Масъалаи "Барқи тоҷик" бахусус қарздории он дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон низ ҷиддӣ баррасӣ шуд. Бар асоси дастури ҳукумат, Вазорати молия бояд барои ҳалли масъалаи қарздории ширкати "Барқи тоҷик" ва дигар корхонаҳои азими давлатӣ чораҷӯӣ намояд.

Шакли комили матлаб инҷост.

XS
SM
MD
LG