Ссылки доступа

Парвандаи раиси пешини вилояти Самарқанд пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад


Додгоҳи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон парвандаи раиси пешини ин вилоят Туроб Ҷураев ва ҳамдастонашро пушти дарҳои баста баррасӣ дорад.

Ба гуфтаи наздикони гумонбарон, додрас дар мурофиаи 11 феврал аз 5 айбдоршаванда, ду нафарашонро дар толори додгоҳ озод карда, боқӣ дар таҳхонаи Идораи умури дохилӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Баррасии парвандаи Ҷураев моҳи январи соли равон оғоз шуда, то ҳол дар робита ба он аллакай шаш мурофиа баргузор гашт. Наздикони гумонбарон мегӯянд, мурофиаҳо ба далели сирри давлатӣ доштани парванда пушти дарҳои баста баргузор мешаванд.

"Ба мурофиаҳо танҳо вакилони дифоъ роҳ дода мешаванд, ки ҳаққи додани иттилоъ дар бораи раванди баррасиро низ надоранд. Ягон хел маълумот надорем", - гуфт хеши яке аз гумонбарон.

Ҷураев ва чаҳор масъули ҳукумати вилояти Самарқанд 10 июли соли 2018 боздошт шуда, ба дуздии амволи давлатӣ, сӯистифода аз мақом, порагирӣ ва қонунигардонии даромадҳое айбдор мешаванд, ки аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаанд.

Ин панҷ масъули ҳукумати вилояти Самарканд гӯиё дар солҳои 2017 ва 2018 дар ҳаҷми беш аз 2 миллион доллар пора гирифтаанд. Ҳамчун далели шайъӣ аз говсандуқи Туроб Ҷураев $1 850 000 мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG