Ссылки доступа

Дар Қазоқистон роҳбари гуруҳеро ҷавобгар мекунанд, ки ба қазоқтаборон кумак расонидааст


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 12 феврал ба баррасии парвандаи Серикҷон Билаш шуруъ кард.

Билаш роҳбари созмонест, ки ба қазоқтаборони хориҷ ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Серикҷон Билаш дар "роҳбарӣ ва ширкат дар фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор мешавад. Билаш - қазоқтаборест, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯч бастааст.

Билаш дар додгоҳ гуфт, бо айбнома розӣ нест. Вай афзуд, гуруҳи таъсисдодаи вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба касоне кумак мерасонад, ки дар Шинҷони Чин зери фишор буданд. Аъзои гуруҳ ҳеч гуна ҳуҷҷат паҳн намекунанд ва муҳру имзо надоранд.

Билаш гуфт, гуруҳи онҳо танҳо дафтари корӣ дорад.

Серикҷон Билаш дар моҳҳои охир дар шаҳри Алмато чанд нишасти хабарӣ анҷом дода, аз саргузашти қазоқтабороне нақл кард, ки дар Чин иҷборан нигаҳ дошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG