Ссылки доступа

Кишварҳои ИА ва СММ аз Москва хостанд, дар Донбасс низоъ наангезад


Фаронса, Олмон, Бритониё, Белгия ва Лаҳистон аз Русия даъват карданд, ки низоъандозӣ, пуштибонии молӣ ва низомии ҷудоихоҳонро дар шарқи Украина қатъ кунад.

Кишварҳои Аврупо то кунун зидди ғасби Қрим аз сӯи Русия ҳастанд ва мегӯянд, амалкарди Москва истиқлол ва ягонагии марзии Украинаро вайрон ва суботи дунёро халалдор мекунад. Ин нукта дар изҳороти муштараки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст. Чунин изҳорот дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба вазъи Украина қабул гардид.

СММ ҳамзамон иқрор кард, ки созишномаи Минск барои ҳалли низоъи Донбасс натиҷа надодааст. Мирослав Енча, ёвари дабири кулли СММ гуфт, "қисми бештар"-и созишномае, ки чаҳор сол пеш имзо шуда буд, "иҷро нагаштааст". Низоъи мазкур "дар қалби Аврупо" хуфта ё дар ҳолати таваққуф нест, балки ба қурбон шудани одамон идома медиҳад, гуфт Енча.

Сар аз соли 2014 ба ин тараф дар низоъи шарқи Украина бештар аз 3 ҳазор сокини осоишта кушта шудааст. Дар маҷмуъ дар ин низоъ на камтар аз 9 ҳазор кас зиён дидаанд. 1,5 миллион сокини вилоятҳои Луганск ва Донетск гуреза шудаанд.

XS
SM
MD
LG