Ссылки доступа

Горбачев ИМА-ро дар талош ба "бартарии низомии комил" айбдор кард


Михаил Горбачев

Бурунрафти ИМА ва Русия аз Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз ба ноором гаштани вазъи стратегии ҷаҳон, мусобиқаи нави таслиҳотӣ, бенизомӣ ва пешгӯинашаванда гаштани сиёсати ҷаҳонӣ сабаб хоҳад шуд.

Ин нуктаро президенти пешини СССР Михаил Горбачев дар матлаби худ дар нашрияи "Ведомости" зикр кардааст. Созишномаи мазкурро маҳз Горбачев бо президенти вақти ИМА Роналд Рейган соли 1987 имзо карда буданд. Вале ба гуфтаи ӯ, ҳоло ба далели он ки ИМА мехоҳад, "хостаҳои худро ба ҷаҳониён талқин кунад", ташаннуҷ боло рафтааст.

Горбачев шубҳа дорад, ки Вашингтон аз созишнома ба иллати нақз шудани он аз сӯи Русия хориҷ мешавад. "Сабаби тасмими бурунрафти ИМА аз созишнома омилҳое нестанд, ки раҳбарони амрикоӣ мегӯянд. Тамоман чизи дигар аст. ИМА талош дорад, бо берун шудан аз ҳама гуна маҳдудиятҳои таслиҳотӣ ба бартарии комили низомӣ даст ёбад", - навиштааст президенти пешини СССР.

Президенти ИМА Доналд Трамп 1 феврал эълом кард, ки раванди бурунрафти кишвараш аз Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз оғоз шуд. Ӯ дар ин кор Русияро айбдор кард, ки созишномаро нақз карда, низоми мамнуи мушакӣ сохтааст. Сухан аз мушакҳои болдори русии 9М729 "Новатор" меравад. Вале Русия иддаоро рад карда, худи ИМА-ро ба нақзи созишнома айбдор мекунад.

Москва 2 феврал ҳама гуна иштирокашро дар иҷрои созишнома қатъ кард. Президенти Русия Владимир Путин аз вазоратҳои дифоъ ва хориҷии кишвараш хост, барои оғози гуфтугӯҳои нав дар робита ба халъи силоҳ ташаббус нишон надиҳанд.

XS
SM
MD
LG