Маъмурони пулис аз планшетҳое истифода хоҳанд кард, ки дар таъйини шахсияти сокинон кумак мерасонанд. Ба гуфтаи Рисканов, механизмҳо тақрибан коркард шудаанд.
Ёдрас мешавем, дар Қирғизистон 12 феврал марҳалаи аввали "Шаҳри бехатар" фаъол шуд, ки дар доираи он дар 10 кӯчаву хиёбони шаҳри Бишкек дурбинҳои назоратӣ насб гашт. Дурбинҳо 7 навъи қоидавайронкуниро сабт мекунанд.
Иҷрои тарҳи "Шаҳри бехатар"-и Қирғизистон дар чаҳор давра сурат гирифта, дар 38 кӯчаву хиёбони Бишкек дурбинҳо насб мешаванд.
Тарҳро ширкати русии "Вега" иҷро мекунад.