Ссылки доступа

145 млн доллар - тафовути ҳисобҳои Қирғизистону Ӯзбекистон оиди гардиши мол байни ду кишвар


Кумитаи омори Қирғизистон хабар дод, ки дар соли 2018 доду гирифти мол бо Ӯзбекистон 336,5 млн долларро ташкил додааст.

Пештар аз ин сафири Ӯзбекистон дар Қирғизистон гуфта буд, доду гирифти ду кишвар дар соли 2018 ба 481 миллион доллар расидааст.

Кумитаи омори Қирғизистон иттилоъ дод, ки содироти Қирғизистон ба Ӯзбекистон 158,5 млн доллар ва воридоти мол аз кишвари ҳамсоя 178 млн долларро дар бар мегирад. Салдо ё тафовут 19,5 млн долларро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Комил Рашидов, сафири Ӯзбекистон дар Қирғизистон, содироти Қирғизистон ба Ӯзбекистон 132,8 млн доллар, воридоти Ӯзбекистон ба Қирғизистон 348,2 млн долларро дар бар мегирад. Ҳаҷми салдо 215,4 млн доллар будааст.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон пештар аз ин гуфта буд, ки тасмим дорад, доду гирифтро бо Қирғизистон ба 500 млн доллар расонад.

XS
SM
MD
LG