Ссылки доступа

Ноиб-вазири иқтисоди Қазоқистон эътироф кард, "аз рӯзноманигорон набояд хашмгин шуд"


Серик Жумангарин, ноиб-вазири иқтисоди миллии Қазоқистон аз рӯзноманигорон узрхоҳӣ кард. Дар ин бора маркази матбуотии вазорат хабар медиҳад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 13 феврал наворе нашр шуд, ки Жумангарин дар посух ба суоли хабарнигорон мегӯяд: "Маро ба хашм наоред".

"Эътироф мекунам, ки дағал посух додам. Ҳарфи зиёдатӣ гуфтам. Расман аз рӯзноманигорон узр мепурсам. Омодаам ба ҳамаи суолҳои онҳо посух диҳам", - гуфт ноиб-вазир.

Рӯзноманигорон аз ноиб-вазир дар бораи тарофаҳо суол карда буданд. Жумангарин гуфт, ки "дар бораи тарофаҳо дирӯз дар порлумон суҳбат кардааст". "Инҷо чорабинии савдои хурду миёна аст, вале шумо аз ман дар бораи тарофаҳо мепурсед. Ба дафтари корӣ биоед, маълумот медиҳам. Маро ба хашм наоред", - посух дод Жумангарин. Ин ҳарфҳои ноиб-вазир дар шабакаҳо баҳсу вокунишҳои тундеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG