Ссылки доступа

Хадамоти гумрук: "Тақвимҳои мусодирашудаи созмони масеҳӣ ҷанбаи таблиғотӣ доштанд"


Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасдиқ кард, ки 5 ҳазор тақвими як созмони масеҳӣ ҳангоми ворид кардан ба кишвар мусодира шудааст. Масъулини Хадамоти гумрук мегӯянд, ин тақвимҳо хусусиятҳои таблиғи дини бегонаро доштанд.

Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ гуфт, тақвимҳои ташкилоти масеҳӣ рӯзи 18-уми декабр дар фурудгоҳи Душанбе мусодира шуданд.

Рӯзи гузашта созмони масеҳии "Калисои баптистӣ", ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, хабар дод, ки мақомоти тоҷик тақвимҳои воридкардаи ин созмонро мусодира ва нобуд кардаанд. Масъулини созмони масеҳӣ иддао доранд, ки ин тақвимҳо бо далели доштани ояҳо аз "Инҷил", мусодира шудаанд.

Аммо Раҳмоналӣ Раҳимзода, масъули Хадамоти гумрук мегӯяд, ин тақвимҳо бар асоси хулосаи Вазорати фарҳанг ва ба хотири доштани хусусиятҳои дини бегона мусодира шудаанд.

"Баъди гузарондани ташхис дар Вазорати фарҳанг ин варақаҳо характери динии бегонаро доштанд мусодира шуданд. Шомил шудан ба ин дин озод аст, вале тарғиб намудани дини бегона дар асоси хулосаи додаи Вазорати фарҳанг нодуруст буд", - афзуд масъули Хадамоти гумрук.

Зимнан Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук ҳам гуфт, онҳо аз паҳн шудани маводҳои чопие, ки тарғиботашро қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ накардааст ҷилавгирӣ мекунанд.

Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки бар асоси хулосаи онҳо варақаҳои созмони масеҳӣ мусодира шудаанд, дар ин бора шарҳе надодаанд. Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук ҳам гуфт, онҳо аз паҳн шудани маводҳои чопие, ки тарғиботашро қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ накардааст ҷилавгирӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини созмони масеҳии "Калисои баптистӣ" мегӯяд, тақвимҳои воридкардаи онҳо сӯзонда шуда, худи онҳо 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Ба таъкиди ин созмони масеҳӣ, мақомоти тоҷик ба онҳо гуфтаанд, миқдори тақвимҳои воридкардаи созмон аз теъдоди пайравони ин равия бештар аст.

Созмони масеҳии "Калисои масеҳӣ" мусодира шудани тақвимҳояшро аз ҷониби мақомоти тоҷик як амали нодуруст хондааст.

XS
SM
MD
LG