Ссылки доступа

Маҳбуба Азимова дар бораи интихоботи президентӣ: "Ба мо чӣ намерасад, ки..."


"То куҷо шанси номзад шудани як зан дар интихоботи президентии соли ояндаи Тоҷикистон воқеӣ аст?"

Дар ҷавоб ба ин суол Маҳбуба Азимова - сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон - рӯзи 13-уми феврал гуфт: "Имрӯз озод хуфта метавонем ва бовар дорем, ки ояндаи фарзандони мо дурухшон аст. Барои мо чӣ намерасад? Дар арсаи сиёсат бо пешвое, ки аллакай мардум интихоб карда ва арзандатарин аст, мубориза барем?"

Ба андешаи Азимова, занони тоҷик бояд ба президенти кишвар барои хидматҳое, ки дар ҳаққи бонувон карда ва мақоми занро дар кишвар боло бурдааст, сипосгузор бошанд.

Қарор аст, соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад ва аз ҳоло пешгӯӣ мешавад, дар интихобот номзади калидӣ худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Бар асоси қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" (аз соли 2016), президенти Тоҷикистон ҳақ дорад бидуни маҳдудият дар интихобот иштирок кунад. Қабули ин қонунро кишварҳои ғарбӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун "таҳкими қудрат" интиқод карда буданд.

Соли 2020 давраи дувуми ҳафтсолаи президентии Эмомалӣ Раҳмон ба охир мерасад ва, қарор аст, тирамоҳи он сол мардуми Тоҷикистон дар интихоботи раҳбари баъдии кишвар ширкат кунад.

Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 бори аввал дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд ва, инак, 25 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. Аз он замон то кунун дар Тоҷикистон чаҳор дафъа интихоботи президентӣ баргузор шудааст, ки ҳеч як аз онҳоро нозирони байналмилалии САҲА муносиб бо меъёрҳои интихоботи демократӣ арзёбӣ накардаанд. Мунтақидон ба то рафт аз худкома шудани ҳукумати Тоҷикистон ва тамаркузи қудрат дар дасти як нафар интиқод мекунанд.

Дар интихоботи охири соли 2013 нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон як зан изҳори омодагӣ кард, ки номзадиашро пешбарӣ кунад. Ойниҳол Бобоназарова – номзади ҳизби он замон қонунии наҳзати исломии Тоҷикистон бо далели ҷамъоварӣ нашудани шумори зарурии имзои тарафдорон (210 ҳазор имзо) натавонист расман сабтином шавад.

XS
SM
MD
LG