Ссылки доступа

Додситони Қирғизистон гуфт, барои баргардонидани қарзҳои навсозии маркази гармидиҳӣ барқро бояд гарон кард (видео)


Откурбек Ҷамшедов, додситони кулли Қирғизистон гуфт, барои баргардонидани қарзе, ки дар навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек сарф шудааст, ногузир бояд тарофаҳои барқро баланд кард. Вай дар ин бора 14 феврал дар ҷаласаи порлумонӣ хабар дод.

"Баргардонидани қарзҳо мушкил аст, зеро арзиши холиси барқ барои маркази гармидиҳӣ баробар ба 2 сому 90 тийин, вале қимати барқ 70 тийин. Барои баргардонидани қарз бояд тарофаҳои барқро зиёд кард. Ин ҳам ба дӯши сокинон меғалтад. Агар замони гирифтани қарз дар ҳаҷми 386 млн доллар далелу исботи техникиву иқтисодӣ мавҷуд мебуд, ин суолҳо ҳоло пайдо намешуданд. Аммо дар соли 2013 манфиати одамони алоҳида аз манфиати мардум боло гузошта шуд ва дар муҳлати кутоҳ марказ ба истифода дода шуду ҳамакнун мардум маҷбур аст, давоми 20 сол қарзи калонро баргардонад", - гуфт додситон.

Дар соли 2014 Қирғизистон аз Эксимбонки Чин барои навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек 386 млн доллар қарз гирифт. Бар иловаи сарбахшҳо, ин кишвар вазифадор аст 492,4 млн долларро ба бонк баргардонад.

Ин қарз то соли 2034 муҳлат дорад. Бо 386 млн доллар 30 дарсади маркази гармидиҳӣ навсозӣ шуд.

XS
SM
MD
LG