Ссылки доступа

Аз додгоҳи олии Қирғизистон хостанд, парвандаи сиёсатмадори зиндониро бозбинӣ кунад


Дархости бозбинии парвандаи раиси зиндонии ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев ба Додгоҳи олии он кишвар фиристода шуд. Дар ин бора роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Адилет" Чолпон Ҷакупова хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дархост дар робита ба тағйироти нави Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ таҳия шудааст ва дар сурати фарқият байни кодекси пешину кодекси навин, парвандаи Текебоев бояд ҳатман бозбинӣ шавад.

Роҳбари ҳизби "Ота Макон", раиси пешини порлумон ва вакили пешин Омурбек Текебоев бо айби фасодкорӣ соли 2017 боздошт ва 7 сол зиндонӣ шудааст.

Пештар аз ин президенти собиқи Қирғизистон Роза Отунбоева аз президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков хост, Омурбек Текебоевро авф кунад. 10 январ хабар расид, ки Комисияи масоили авфи назди президент ин дархостро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG