Задухӯрд дар натиҷаи низое сар задааст, ки пештар байни кормандони маҷмааи мошиншӯӣ ба миён омада буд. Дар занозанӣ ҳудуди 10 шаҳрванди Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Кумитаи тафтишотии Русия видеои занозаниро нашр кард:
Он шаб як задухӯрди дигари гуруҳӣ бо истифода аз силоҳ дар кӯчаи "Госпиталная"-и Москва рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, дар он 30 кас иштирок дошта, се нафарашон дар беморхона бистарӣ шуданд. Саҳифаи Mash дар Телеграм аз боздошти 15 иштирокчии ҳодиса хабар дод.
Пештар ҳудуди 50 нафар дар назди қаҳвахонаи "Неолит", воқеъ дар маҳаллаи "Печатники"-и Москва низ занозанӣ карда буданд. Ин занозанӣ пас аз он сар зад, ки як зодаи Чеченистон шаҳрванди Озарбойҷонро дашном дод. Иштирокдорони задухӯрд ба сӯи муштариёни "Неолит" бо силоҳи травматикӣ оташ кушода, ба мошини молики қаҳвахона низ осеб расонданд. Дар натиҷа чаҳор кас захмӣ ва 12 тан боздошт шуданд.