Ссылки доступа

Президенти Туркманистон барои ҳайвонҳои бесоҳиб "хона" месозад


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дастур додааст, дар кишвараш барои ҳайвонҳо "беморхонаи махсус"-е бунёд карда шавад, ки бахшеро низ барои нигаҳдории ҳайвонҳои бесоҳиб хоҳад дошт.

Расонаҳои давлатии Туркманистон мегӯянд, "дар ин кори хайр соҳибкорон ва ҷомеа, аз ҷумла ихтиёриён - ҳомиёни ҳайвонҳо иштирок хоҳанд кард". Тибқи дастури президенти Туркманистон, маркази тозатаъсис таҳти ҳимояти давлат хоҳад буд.

Ин пешниҳоди Бердимуҳаммадов пас аз силсила гузоришҳои Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи маъракаҳои маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб дар шаҳру навоҳии ин кишвар аст. Аз ҷумла, радио 13 феврал, ду рӯз пеш аз фармони Бердимуҳаммадов видеоеро аз маркази нигаҳдории ҳайвонҳо дар ҳудуди корхонаи коркарди партов, дар наздикии Ишқобод нашр кард.

Ин навор, ки зоҳиран тобистони соли гузашта сабт гаштааст, нишон медиҳад, ҳайвонҳо дар як шароити хеле бад нигаҳдорӣ шуда, бештарашон беморанд ва ҳатто дар миёни онҳо ҷасади ҳайвонҳои ҳалокшуда низ хобидааст.

Ба гуфтаи фаъолони туркман, дастрасӣ ба ин марказ 22 августи соли 2018 маҳдуд ва атрофаш девор бардошта шуд.

Ҳомиёни ҳайвонҳо аз Ишқобод мегӯянд, 15 феврал, рӯзе ки Бердимуҳаммадов таъсиси маркази нигаҳдории ҳайвонҳоро пешниҳод кард, дар маҳаллаи "Парахат-4"-и пойтахти ин кишвар "шикор"-и бераҳмонаи ҳайвонҳо ҷараён дошт.

Ашхабад: куда попадают бездомные животные после отлова?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:12 0:00

XS
SM
MD
LG