Ба огаҳии вазорат, соли 2018 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон 91 паём, 70 сомона ва 21 саҳифаеро ошкор карданд, ки маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ паҳн мекарданд.
Аз ин миён, 36 сомона бо қарори додгоҳ баста шудааст.
Бино ба иттилои Комиссияи давлатии Қирғизистон дар умури дин, ҳамчунин 21 созмон экстремистиву террористӣ эълом ва фаъолияташон дар ин кишвар бо қарори додгоҳ манъ гашт.