Ссылки доступа

Додгоҳи Шветсия роҳбарони пешини ширкати Telia-ро сафед кард


Додгоҳи Стокҳолм рӯзи 15 феврал роҳбарони пешини ширкати мобилии Telia-ро сафед кард, ки дар порадиҳӣ ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон айбдор мешуданд.

Дар рафти баррасиҳои додгоҳӣ додситонҳо натавонистанд, собит кунанд, ки замони додани пора Гулнора Каримова дар Ӯзбекистон мақоми давлатӣ дошт. Бино бар қонунгузории Шветсия, пора танҳо ҳолате эътироф мешавад, ки агар гирандаи он мақоми давлатӣ дошта бошад.

Дар додгоҳ гуфта шуд, ширкати Telia дар солҳои 2007-2010 ба суратҳисоби ширкати Takilant Ltd, ки роҳбараш Гулнора Каримова аст, садҳо миллион доллар интиқол додааст.

Додситонӣ аз додгоҳ хоста буд, нисбати роҳбарони пешини ширкати Telia муҷозоти сангин эълон шавад. Аммо додгоҳ мудири пешини молӣ, ноиб-президент ва масъулони дигари ширкатро сафед кард.

Пештар аз ин ширкати Telia, ки 37 дарсади саҳмияҳояшро ҳукумати Шветсия дар ихтиёр дорад, додани пора ба Гулнора Каримоваро дар ҳаҷми 331 миллион доллар эътироф карда буд. Ширкат гуфт, барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон маҷбур шудааст, пора диҳад.

XS
SM
MD
LG