Табибон ташхис карданд, ки чанд ҷои бадани вай шикаста ва сараш осеб дидааст. Дар ин бора хабарнигор Лукпан Ахмедёров дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Албек Ергазиевро кормандони пулис ахиран дар назди манзилаш боздошт карданд. Вай мехост, ба мулоқоти ҳокими вилояти Қазоқистони Ғарбӣ равад.
Наздикони Ергазиев аз додситонии шаҳри Уралск талаб карданд, ки гунаҳкорони ин ҳодиса ҷазо дода шаванд.
Албек Ергазиев бори аввал рӯзи 13 феврал дар толори Хонаи фарҳанг боздошт шуда буд. Он рӯз ҳокими Уралск бо сокинон мулоқот дошт. Албек бо навиштаҳои "Ислоҳоти иқтисодӣ дар Қазоқистон талаб дорам" ва "Судяҳои бевиҷдон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд" ба толор омада буд. Он рӯз Албек баъди се соати боздошт раҳо шуд.