Ссылки доступа

The Sunday Times: сиҳатии Сергей Скрипал бад шудааст


Саломатии сарҳанги пешини Хадамоти иктишофии Русия Сергей Скрипал бад шудааст. Табибон ӯро назорат ва кумак мерасонанд. Дар ин бора 17 феврал хабаргузории The Sunday Times иттилоъ дод.

Моддаи заҳрноки "Навичок", ки Скрипал аз он заҳролуд шуда буд, ба гуфтаи табибон, баъди аз ҷисм хориҷ шудан низ таъсир мерасонад.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия моҳи марти соли 2018 заҳролуд шуда буданд. Ба иттилои мақомоти Бритониё, ду ҷосуси Русия бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ вориди Бритониё шуда, дар дастаи дари хонаи Скрипалҳо заҳр молидаанд.

Субҳи 17 феврали соли ҷорӣ дар болои калисои шаҳр афроди ношинос парчами Русияро овехтанд. Соли гузашта баъди он ки мақомоти Бритониё дар бораи даст доштани ду афсари Хадамоти иктишофии Русия Анатолий Чепига ва Александр Мишкин хабар доданд, ин ду афсар ба телевизиони RT мусоҳиба доданд. Афсарон гуфтанд, ба Солсберӣ барои тамошои калисои шаҳр рафта буданд.

XS
SM
MD
LG