Ба иттилои ин ниҳод, дуздӣ аз Фурушгоҳи марказии Ҷалолобод сурат гирифтааст. Панҷ гумонбар ҳангоми убури гузаргоҳи марзии "Маданият" дар сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистон боздошт шуданд.
"Ҳангоми тафтиш аз онҳо маснуоти заргарӣ - зару зевари тило пайдо шуд. Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳо боздоштшудаҳо ба ихтиёри мақомоти милисаи вилояти Ҷалолобод супорида шуданд", - хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон.