Ссылки доступа

Ҳукумати Восеъ осоишгоҳи беморони силро ба кӯдакистон табдил медиҳад (видео)


Ҳукумати ноҳияи Восеъ мегӯяд, ягона осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори cил дар ноҳияро таъмир карда, ба кӯдакистон табдил медиҳад.

Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ, ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз вазорати тандурустӣ дархост карданд, ки ба иҷрои ин тарҳ мусоидат кунанд.

“Чун дар ин ду деҳоти калони ҷамоати Худоёр Раҷабов кӯдакистон вуҷуд надорад, ду ҳафта пеш дархост кардем, аз вазорати тандурустӣ намояндаҳо омада диданд. Баъди ин мо лоиҳаро ҷиҳати сохтани кӯдакистон барои 250 нафар омода кардем” - гуфт раиси ноҳияи Восеъ.

Аммо мутахассисону табибон мегӯянд, ки барои сохтани кӯдакистон дар ҷойи осоишгоҳ бояд дар ин ҷо ташхиси ҳаматарафа сурат бигирад, ки дар воқеъ ин маҳал барои кӯдакистон муносиб аст ва ангезандаҳои сил дар онҷо боқӣ мондаанд, ё не.

Нураҳмад Ғоибов, сармураббии собиқи осоишгоҳ гуфт, ки вируси сил метавонад, даҳсолаҳо бимонад ва ба дигарон сироят кунад. “Ҳарчанд дар офтобӣ сӯзон вирус гум мешавад, вале як заррааш пинҳон мемонад ва мумкин аст, ба дигарон сироят кунад. Дар таҷриба дидаем, дар як хона гирифтори бемории сил зиндагӣ кардааст. Баъди он дигар нафар зиндагӣ мекунад он ҳам бемор мешавад. Баъди ташхис муайян мекунанд, ки дар ҳамин хона вирус мондааст", - афзуд ӯ.

Как детский санаторий превратился в страшное место?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:38 0:00

Осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори сол дар деҳаи Нонҷемас то замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ ягона ба ҳисоб мерафт ва ҳар се моҳ то 200 кӯдакро барои истироҳату табобат ба онҷо меоварданд.

Бо оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 ва баъди бурдани таҷҳизоту васоили осоишгоҳ ва холӣ мондани бино, сокинони бехона онро ба ҷойи иқомат табдил доданд.

Ба гуфтаи сокинон, ҳарчанд иҷозаи зиндагӣ дар инҷоро надоранд, вале иқомати онҳо сабаб шуд, ки осоишгоҳ аз нобудии комил эмин монад.

XS
SM
MD
LG