Ссылки доступа

Дар ду рӯз 23 сокини Бишкек бо нишонаҳои бемории сурхак бистарӣ шуданд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон тайи ду рӯз 23 кас бо нишонаҳои бемории сурхак ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар ин бора сардухтури Бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои сироятии Қирғизистон Гулжигит Алиев хабар дод.

"Рӯзҳои шанбе ва якшанбе 31 кас ба мо муроҷиат карданд. Пас аз муойина ба хулосае расидем, ки 23 тани онҳо бояд бистарӣ шаванд. Ҳоло дар беморхонаи мо 58 сокини гирифтор ба бемории сурхак табобат мегиранд. Нимашон кӯдаконе ҳастанд, ки ваксина нагирифтаанд", - гуфт Алиев.

Дар Бишкек моҳи октябри соли 2018 як кӯдаки шашмоҳа аз бемории сурхак фавтида буд. Ба гуфтаи мутахассисон, сабаби мубталошавӣ ба ин навъи беморӣ худдорӣ аз ваксина аст.

Дар Аврупо соли гузашта 40 кас аз бемории сурхак даргузашт.

XS
SM
MD
LG