Ссылки доступа

Cotton Campaign бойкоти пахтаи Ӯзбекистонро бекор накард


Маъракаи байналхалқии зидди истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар саҳроҳои пахтаи Ӯзбекистон - Cotton Campaign - баъди гуфтугӯ бо ҳайати расмии Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки бойкот ё манъи хариду фурӯши пахтаро то замони маҳви комили меҳнати маҷбурӣ нигаҳ дорад.

Намояндагони Cotton Campaign ​ибтидои моҳи феврал дар Вашингтон бо муовини сарвазири Ӯзбекистон Танзила Норбоева, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шерзод Кубиев ва раиси "Ӯзтекстилсаноат" Илҳом Ҳайдаров мулоқот карданд.

Дар ин мулоқот ҳомиёни ҳуқуқ талошҳои мақомоти Ӯзбекистонро дар самти пешгирӣ аз меҳнати маҷбурӣ баҳои баланд доданд. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, меҳнати маҷбурӣ дар ин кишвар комилан манъ нашудааст.

Ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини сарвазири он кишвар Танзила Норбоева 4 феврал ба ИМА рафт ва дар бораи бойкот ё қатъи хариду фурӯши пахтаи Ӯзбекистон бо созмонҳои байналхалқӣ гуфтугӯ кард.

Эътилофи байналхалқии Cotton Campaign, ки даҳҳо созмони ҳомии ҳуқуқ узви он ҳастанд, дар соли 2010 маъракаи бойкоти пахтаи Ӯзбекистонро роҳандозӣ карданд. Ин эътилоф мегӯяд, дар Ӯзбекистон кӯдакону калонсолон иҷборан ба ҷамъоварии пахта фиристода мешаванд. Ширкатҳои маъруфе амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва дигарон ба ин маърака пайвастанд.

XS
SM
MD
LG