Ссылки доступа

Пулиси Ишқобод ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад


Дар ҳоли ҳозир пулиси шаҳри Ишқободи Туркманистон асосан занони пушти фармони мошинро тафтиш мекунад.

Пулис бо ҳар баҳонае ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад, хабар медиҳад рӯзноманигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқбодод.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, кормандони пулис сабаби гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии занҳоро шарҳ намедиҳанд, танҳо ишора мекунанд, ки фармон аз болост. "Мо дастур гирифтаем, ки дар кӯчаҳои протоколӣ бояд занҳо мошин наронанд", - гуфт як корманди пулис.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, рӯзи 18 феврал дар хиёбони Истиқлоли Ишқобод наздики 20 мошинро, ки ронандаҳояшон занҳо буданд, боздошт карданд. Сомонаи "Хроника Туркменистана" иттилоъ дод, ки рӯзи 18 феврал ҳудуди 120 мошин ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст, ки ронандагонашон занон буданд. "Ин амалкарди пулис ба он равона шудааст, ки занҳо аз рондани мошин даст кашанд", - менависад сомона.

XS
SM
MD
LG