Ссылки доступа

Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 18 феврали соли 2019. Сангрез мактаби ноҳияи Дарвозро вайрон кард. Афсари умури дохилӣ барои шиканҷаи боздоштшуда ба ҳабс гирифта шуд. Амалиёт барои бозпас гирифтани охирин мавзеи ДИ дар Сурия ва мушкили дарёфти қарзи хона дар Тоҷикистон. (видео)

- Ҷавони 28-солаи тоҷик "мошини нав" ихтироъ кардааст. Ҷамолиддин Ашуров, сокини 28-солаи ноҳияи Фархор мошине сохтааст, ки ба гуфтаи худаш дар 100 километр се литр сӯзишворӣ масраф мекунад (видео)

- Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт. Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки моҳе пеш бознишаста шуд, мегӯяд, интихоботи президентии соли 2020 ором ва бидуни ягон тағйири ҷиддӣ сурат мегирад (видео)

- Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун. Дар ноҳияи Деваштич Илҳомҷон Худойбердиев, як сарбози вазорати мудофиаро дафн карданд, ки дар воҳиди низомиаш дар Роғун ба ҳалокат расидааст. Ҷасади сарбози 20-соларо рӯзи 16-уми феврал дар зодгоҳаш деҳаи Работ ба хок супурданд. Сабабҳои марг ҳоло маълум нест (видео)

- Истиқболи Муҳаммад ибни Салмон бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ. Ҳукумати Покистон барои истиқболи ҳавопаймои валиаҳди Шоҳи Арабистони Саудӣ, Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон, се ҳавопаймои ҷангиро фиристод. Муҳаммад ибни Салмон 17 феврал вориди Покистон шуд ва ду тараф бо арзиши 20 миллиард доллар созишнома ва қарордод имзо карданд (видео)

- Модарони серфарзанд дубора дари мақомотро мекӯбанд. Даҳҳо модари серфарзанд дирӯз ба ҳукумати ноҳияи Алатауи шаҳри Алматои Қазоқистон рафтанд. Занҳо масъалаи кумакпулӣ, манзил, ғизои ройгон барои хонандагонро дар миён гузоштанд (видео)​

- Осиё: шаш соли зиндон барои озори духтари худ. Додгоҳи Алмато ҳукми модареро эълом кард, ки 6 сол кӯдаки худро озор додааст. Дар Тоҷикистон рӯзноманигорон омори худкуширо худ ҷамъоварӣ мекунанд. Дар Қирғизистон раҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии радио ва телевизионро комисия интихоб мекунад. (видеои Настоящее время)​

- Дар Қирғизистон натиҷаҳои озмуни Mister Universal Ambassador-ро эълом карданд. (нигористон)

- Дар Алмато модаре, ки шаш сол духтарашро заҷр дод, шаш сол зиндонӣ шуд (видео аз Директ)

- Лоиҳаи манзили дастраси мақомот. Дар шаҳрҳои Алмато, Остона ва Чимкент ҷавонони коргар метавонанд, манзили зистро бо нархи дастрас ба иҷора гиранд. Дар ин бора вазири рушди иҷтимоии Қазоқистон Дархан Калетоев хабар дод. (видео)

- Тимошенко ё Тимошенко. Нақши техникии номзадҳо дар интихоботи президентии Украина​. (видеои Настоящее время)

- Хадамоти амнияти Украина ФСБ-ро дар ташкили ҳамла ба калисои патриархҳои Москва айбдор кард​. (видео аз Директ)

- Модарони серфарзанд дубора дари мақомотро мекӯбанд. Даҳҳо модари серфарзанд дирӯз ба ҳукумати ноҳияи Алатауи шаҳри Алматои Қазоқистон рафтанд. Занҳо масъалаи кумакпулӣ, манзил, ғизои ройгон барои хонандагонро дар миён гузоштанд (видео)​

- Дар Ҷалолобод ҷавонон аз мошинҳои оддӣ мошини электронӣ месозанд (видео)

- Норин: дар фасли сармо кӯдакон пиёда ба мактаб равуо мекунанд (видео)​

- Чаро артиши шӯравӣ вориди Афғонистон шуд (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG