Ссылки доступа

Талаби бозпурсии бародари президенти Қирғизистон


Нурбек Токтакунов, вакили мудофеи сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов тасмим дорад, аз додгоҳ дархост кунад, ки вакили порлумон Асилбек Ҷеенбеков дар доираи парвандаи фасодкории маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек бозпурсӣ шавад.

"Созишнома қабул ва аз сӯи порлумон тасдиқ шуд. Агар бар ин назаранд, ки қабули созишнома нодуруст буд, пас бояд вакилон бозпурсӣ шаванд. Бояд Асилбек Ҷеенбековро бозпурсӣ кард. Ман ӯро ба додгоҳ даъват мекунам. Расман ба додгоҳ муроҷиат кардаам. Ман бар ин назарам, ки дар доираи ин парванда вакилон бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд", - гуфт Нурбек Токтакунов.

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 18 феврал ба баррасии парвандаи фасодкорӣ ҳангоми навсозии маркази гармидиҳии шаҳр шуруъ кард. Ҷаласа пушти дарҳои баста барпо шуд.

Вакили порлумон Асилбек Ҷеенбеков пештар аз ин ба суол дар бораи масъулияти порлумон посух дода буд. Вай гуфт, вакилон ба хулосаҳои ҳукумат эътимод ва созишномаро тасдиқ кардаанд. Ҷеенбеков гуфт, порлумон уҳдадориашро иҷро кардааст, аммо касоне, ки созишномаи мазкурро бастанд, умедҳои мардумро бароварда накарданд.

Дар доираи парвандаи мазкур чанде аз мансабдорон, аз ҷумла сарвазирони пешини Қирғизистон ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG