Ссылки доступа

Дар Қазоқистон баъди эътирози модарони серфарзанд тарҳи манзили дастрас таҳия шуд (видео)


Мақомоти Қазоқистон пас аз эътирози модарони серфарзанд дар шаҳри Остона тарҳи манзили дастрасро барои оилаҳои ҷавон таҳия карданд. Бар асоси тарҳ, оилаҳои ҷавони фарзандор хонаҳои давлатиро барои се сол ба иҷора хоҳанд гирифт.

Тарҳи "Ҳазор манзил"-и Вазорати рушди иҷтимоии Қазоқистон барои сокинони се шаҳр -- Остона, Алмато ва Чимкент таҳия шудааст. Дар доираи тарҳ 350 сокини Остона соҳиби манзили дастрас хоҳанд шуд. Ба гуфтаи вазири рушди иҷтимоии Қазоқистон Дархан Калетаев, ин хонаводаҳо моҳона 8 ҳазор танга ($20) пардохт карда, то се сол ҳақ доранд, дар манзилҳои мазкур зиндагӣ кунанд.

Вале вакилони порлумони Қазоқистон ин ташаббуси ҳукуматро кофӣ намеҳисобанд ва мегӯянд, бояд гузинаҳои дигари дарёфти манзили зист, аз ҷумла ипотекаи дастрас, хобгоҳ барои донишҷӯёну мутахассисон, манзилҳои зисти иҷтимоӣ ва давлатӣ баррасӣ карда шавад.

Танҳо дар шаҳри Остона ҳудуди 45 ҳазор нафар барои дарёфти манзил навбат мепоянд. Онҳо асосан хонаводаҳои серфарзанд, нафақахӯрон ва ятимоне ҳастанд, ки наметавонанд мустақилона хона бихаранд.

Дар "Фонди манзил"- Остона гуфтанд, ки муҳлати миёнаи навбатпоӣ барои хона 10 сол аст. Ба гуфтаи масъулони фонд, шумори довталабони манзил назар ба теъдоди хонаҳо чанд баробар бештар аст. "Муҳлати навбатпоӣ аз теъдоди хонаҳое вобастааст, ки мавриди истифода қарор мегиранд. Барои намуна, мо дар гузашта дар як сол ба сокинон 300 хона медодем, имсол қарор аст, ба 730 нафари дар навбат истода хона диҳем", - изҳор дошт директори фонд Нурсул Кожахметова.

Дар Қазоқистон эътирози модарони серфарзанд бо талаби манзилҳои дастраси иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми кумакпулӣ 6 феврал пас аз он оғоз шуд, ки 5 кӯдаки як хонавода дар натиҷаи сӯхтори кулбаи муваққатие ҷон бохтанд. Ҳодиса шаби 4 феврал дар маҳаллаи "Коктал-1"-и ноҳияи Сариаркаи Остона рух дода, 5 хоҳар ҳангоми сар задани сӯхтор танҳо буданд.

XS
SM
MD
LG