Ссылки доступа

Песков гуфт, Кремл ба парвандаи Калвӣ таваҷҷуҳ дорад


Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки Кремл ба масъалаи боздошти сармоягузори машҳури амрикоӣ таваҷҷуҳи амиқ дорад. Ин сармоягузорро дар Русия ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Песков рӯзи 18 феврал дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ҳабси Майкл Калвӣ, роҳбари ширкати сармоягузори Baring Vostok дар сардшавии муносибатҳои Русияву Амрико нақше надорад. "Вазъи муносибатҳои Русия бо кишварҳои дигар ба ҳеҷ ваҷҳ ба фаъолияти соҳибкорони хориҷӣ таъсир нахоҳанд расонд", - гуфт Песков.

Вай афзуд, ки Калвиро дар Русия ҳамчун "сармоягузори қобили аҳамият" мешиносанд, ки "ҳамеша собит мекард, фазои Русия барои ҷалби сармоя созгор аст".

Додгоҳи Басмани Москва рӯзи 16 феврал асосгузор ва роҳбари бунёд Baring Vostok Майкл Калвиро ба ҳабс гирифт. Бунёди Калвӣ дар Русия яке аз бунёдҳои бузурге эътироф мешавад, ки ба даҳҳо лоиҳа дар чанд кишвар сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG