Ссылки доступа

Дар Туркманистон болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ идома дорад


Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар фурӯшгоҳ ва бозорҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон аз ҳам фарқ карда, болоравии арзиши баъзе аз номгуйҳо мушоҳида мешавад.

"Агар дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷигари мурғ 12 манат (3,43 доллар) фурӯхта шавад, дар бозори "Теке" он 7-8 манат меистад. Нархи қанотҳои мурғ, ки вақтҳои охир серхаридор шудаанд, аз 4 то ба 6 манат боло рафтааст", - мегӯяд хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи хабарнигор, нархи давлатии як кило моҳӣ дар Туркманистон 12 манат муайян шудааст, вале дар ҳоли ҳозир онро дар бозорҳои ин кишвар 30-35 манат мефурӯшанд.

Шаҳрдории Ишқобод дар пасманзари буҳрони ғизоӣ ва болоравии нархҳо ахиран маҷбур шуд, ки арзиши нонро иҷборан поин барад. Ибтидои моҳи феврал дар растаи бозорҳои "Теке" ва "Алемгошар" навиштаҳое пайдо шуданд, ки нархи нонро 1 манат нишон медиҳанд. Дар ҳоле ки як нони одии 500-граммӣ дар бозорҳои Ишқобод одатан 3 манат фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG