Ссылки доступа

Президенти Тоҷикистон дастури нави истифодаи симкортҳоро тасдиқ кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 19-уми феврали соли 2019. Президенти Тоҷикистон дастури нави истифодаи симкортҳоро тасдиқ кард, корхонаи мурғпарварии ноҳияи Мӯъминобод истеҳсоли гӯштро аз сар гирифт, бо автобус аз Бохтар ба Русия ва матолиби дигар. (видео)

- ​Вазъи роҳҳо -- муҷозоти ронанда, саркашии мусофир ва "шикор"-и пулис.​ Пулиси Душанбе мегӯяд, дар пайи норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи нақлиёт дар пойтахт, садҳо ронандаро ба ҷавобгарӣ кашидааст. (видео)

- Қарори нави ҳукумат -- сабти симкорт танҳо бо шиносномаи нав. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон шахсоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014-ро надоранд, симкортҳои худро аз нав ба қайд мегиранд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ин қарор аз рӯзи 9-уми феврал, тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ дар кишварро тағйир дод (видео)

- Аз Хатлон то "Садовод". Муҳоҷирон дигар барои билет қарз намегиранд. Бо гаронтар шудани қимати билетҳо муҳоҷирони тоҷик ҳарчӣ бештар бо автобус ба Русия сафар мекунанд (видео)

- Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт. Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки моҳе пеш бознишаста шуд, мегӯяд, интихоботи президентии соли 2020 ором ва бидуни ягон тағйироти ҷиддӣ сурат мегирад (видео)

- "Рости гап, аз ҳамин андозсупорӣ безор шудем". Мақомоти Кумитаи андоз ва ё молиёт мегӯянд, мумкин аст, қимати хадамоти интернет боло равад, чун мехоҳанд, ширкатҳои мобилӣ ва интернетӣ андози бештар бисупоранд. Аз ҷумла барои истифодаи ИМО, Вотсапп ва Вайбер (видео)

- Вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, маълумот дар бораи қарздорон аз алимент расонаӣ шаванд. (видеои Настоящее время)​

- Осиё: пулиси Туркманистон шаҳодатномаи ронандагии бонувонро мегирад. Вазирони қазоқ ваъда медиҳанд, ки аз мардум намегурезанд ва ба сокинони камбизоат кумак мерасонанд. Аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон талаб доранд, симкортҳоро бо шиносномаҳои нав аз дуборав ба қайд гиранд. Дар Ишқобод пулис ронандаҳои занро боз медорад ва шаҳодатномаҳояшонро мегирад. (видео)

- Дар Қирғизистон натиҷаҳои озмуни Mister Universal Ambassador-ро эълом карданд. (нигористон)

- Дар Алмато модаре, ки шаш сол духтарашро шиканҷа дод, шаш сол зиндонӣ шуд(видео аз Директ)

- Лоиҳаи манзили дастраси мақомот. Дар шаҳрҳои Алмато, Остона ва Чимкент ҷавонони коргар метавонанд, манзили зистро бо нархи дастрас ба иҷора гиранд. Дар ин бора вазири рушди иҷтимоии Қазоқистон Дархан Калетоев хабар дод. (видео)

- Дар Ҷалолобод ҷавонон аз мошинҳои одӣ мошини электронӣ месозанд (видео)

- Норин: дар фасли сармо кӯдакон пиёда ба мактаб равуо мекунанд (видео)​

- Чаро артиши шӯравӣ вориди Афғонистон шуд (видеои Настоящее время)

- Раҳбари "Нафтгази Украина" дар бораи "Ҷараёни шимол-2" ва муносибатҳо бо Русия. (видеои Настоящее время)

- Таҷрибаи Гурҷистон дар мубориза бо "дуздони қонунӣ". Порлумони Гурҷистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ба қонунеро таҳия доранд, ки пурзӯр кардани муборизаҳо зидди ҷинояткориро пешбинӣ мекунанд. (видео аз Директ)

- Қрим ва интихоботи президентии Украина. Украинҳо 31 март президенти ояндаи худро интихоб мекунанд. Қримиҳо низ метавонанд раъйи худро ба яке аз номзадҳо диҳанд. Ин ҳақро ба онҳо Конститутсияи Украина додааст. Вале ба далели ишғол шудани Қрим аз сӯи Русия ташкили нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар нимҷазира номумкин аст. Дар ин ҳолат онҳо бояд чӣ кор кунанд?​ (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG