Ссылки доступа

Дар Алмато пеш аз вохӯрии ҳисоботии шаҳрдор чандин фаъоли маданиро боздошт карданд


Дар шаҳри Алмато субҳи имрӯз пеш аз оғози вохӯрии ҳисоботии шаҳрдор Бауиржон Байбек бо сокинон чандин фаъоли маданӣ боздошт шуданд.

Мухолифони корҳои сохтмонӣ дар мавзеи "Кок-Жайляу"-и Алмато дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки мақомот яке аз ҳамкорони онҳо Андрей Бузикинро пеш аз оғози вохӯрӣ бо шаҳрдор дар наздикии Кохи ҷумҳурӣ боздошт карданд. Раҳбари бунёди "Ташаббуси байналмилалии ҳуқуқӣ" Айна Шорманбоева низ дар Фейсбук аз боздошти Бузикин хабар дод.

Пулиси ноҳияи Медеуи Алмато тасдиқ кард, ки фаъоли қазоқ ба онҷо интиқол дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои боздошти Бузикин маълум нест. Ин фаъоли мадании қазоқро пештар, дар соли 2015 низ қабл аз вохӯрии шаҳрдори онвақта бо сокинон дастгир карда буданд.

Ҳомии ҳуқуқ Ерлан Калиев дар Фейсбук навишт, ки ӯро низ дар наздикии Кохи ҷумҳурии Алмато дастгир карданд. ​Фаъоли дигари маданӣ Марат Туримбетов хабар дод, ки ба назди ӯ чанд корманди пулис ҳозир шуда, талаб доранд, ки ҳамроҳашон ба шуъба биравад.

Раҳбари бунёди "Liberty" Галим Агелеуов гуфт, дар Кохи ҷумҳурӣ фаъоли маданӣ Юрий Маленийро боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд.

Ёдрас мешавем, соли гузашта низ пеш аз вохӯрии ҳисоботии шаҳрдор Байбек чандин сокин ва фаъоли мадание боздошт шуданд, ки мехостанд, ба толор роҳ ёбанд. Боздоштшудаҳо чанд соат баъд бидуни эъломи айбе раҳо гаштанд.

XS
SM
MD
LG