Ссылки доступа

Дар Туркманистон "хизматрасонӣ"-и дарёфти маблағ аз бонкоматҳо густариш меёбад


Дар Туркманистон "хизматрасонӣ"-и дарёфти маблағ аз кортҳои бонкӣ густардатар мешавад.

Ба навиштаи расонаҳо, бар ивази маблағи муайяне муҳофизон ва ходимони бонкҳо ба сокинон иҷозат медиҳанд, аз кортҳои бонкиашон ҳар маблағе, ки ниёз доранд, бигиранд.

Давоми чаҳор соли охир дар Туркманистон маоши кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва нафақахӯрон тавассути корҳои бонкӣ пардохт мешавад.

Расонаҳо рӯзи 17 феврал хабар доданд, ки дар шаҳрҳои Балканобод ва Туркманбошӣ муҳофизони бонк баъди соати корӣ дар ивази 5 манат ба сокинон иҷозат доданд, ки аз кортҳояшон маблағи мавриди ниёзашонро бигиранд. Дар шаҳрҳои дигари Туркманистон низ чунин ҳолат мушоҳида шудааст.

Дар ҳоли ҳозир сокинони Туркманистон расман наметавонанд, дар як моҳ бештар аз 800 манат аз кортҳои бонкиашон бигиранд.

XS
SM
MD
LG