Ссылки доступа

Пулиси Алмато боздошти фаъолони маданиро шарҳ дод


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон боздошти чандин фаъоли маданиро пеш аз оғози вохӯрии ҳисоботии шаҳрдор Бауиржан Байбек бо сокинон шарҳ дод.

Дар изҳороти пулис сабаби боздошти фаъолони мадании қазоқ "пешгирӣ аз нақзи тартиботи ҷамъиятӣ" гуфта шудааст. Ба гуфтаи пулис, гӯиё "як қатор шаҳрвандон" мехостанд, чорабинӣ бо иштироки раиси шаҳри Алматоро вайрон кунанд.

"Бинобар ин, шаҳрвандони мазкур дар асоси Кодекси маъмурӣ боздошт шуда, ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд", - омадааст дар изҳорот. Вале шарҳ дода нашудааст, ки сухан аз кадом қонуншиканиҳо меравад ва зидди дастгиршудаҳо чи гуна чораандешӣ карданд.

Ёдрас мешавем, дар Алмато 20 феврал пеш аз оғози вохӯрии ҳисоботи шаҳрдор бо сокинон чандин фаъоли маданӣ, аз ҷумла мухолифи бунёди осоишгоҳ дар мавзеи "Кок-Жайляу" Андрей Бузикин, ҳомии ҳуқуқ Ерлан Калиев, фаъоли маданӣ Марат Туримбетовро дастгир карданд. Онҳо чанд соат баъд аз нигаҳдорӣ дар шуъбаи пулис озод шуданд.

Фаъолони маданӣ мегӯянд, мақомот бо ин кор аз вуруди онҳое ба вохӯрии шаҳрдор пешгирӣ карданд, ки "суолҳои ноҷо" медоданд.

XS
SM
MD
LG