Ссылки доступа

Нигаронии сокинон ва тоҷирони тоҷик аз камчин шудани доллар (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 20-уми феврали соли 2019. Изҳороти Шарофиддин Гадоев пеш аз сафараш ба Тоҷикисто. Ширкати хабарнигори Радиои Озодӣ дар рейди афсарони бозрасии давлатӣ ва натиҷаи таҳқиқот дар бораи сабабҳои худкушӣ дар Тоҷикистон. (видео)

- Нигаронии сокинон ва тоҷирон аз камчин шудани доллар. Камчин шудани доллар дар бонкҳо ва бо ин баҳона боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар бозори сиёҳ тоҷирон ва сокинони Тоҷикистонро нигарон кардааст. (видео)

- Дар Данғара соҳибони "харҳои бесоҳиб" муҷозот шуданд. Ҳукумати Данғара зидди ҳафт сокини ин ноҳия барои бесаробон мондани улоғ ё харҳояш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ки аксар вақт боиси садамаҳои маргбор мешаванд, ҷораҷӯӣ кардааст. (видео)

- Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон. Видеоҳои тарғиботӣ ва видеои пеш аз "бозгашти" ӯ ба Тоҷикистон суолҳои зиёдеро дар бораи пайдо шудани ин фаъоли сиёсӣ дар Душанбе барангехтаанд (видео)

- Вазъи роҳҳо -- муҷозоти ронанда, саркашии мусофир ва "шикор"-и пулис. Пулиси Душанбе мегӯяд, дар пайи норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи нақлиёт дар пойтахт, садҳо ронандаро ба ҷавобгарӣ кашидааст (видео)

- "Вақте садои моро дар дохили Тоҷикистон мебанданд". Радиои Озодӣ назари чанде аз сокинони Душанберо дар бораи мухолифони ҳукумат ва "баргардонидани" онҳо ба Тоҷикистон ва ҳам доир ба қудрати сиёсиашон пурсид (видео)

- Осиё: баргашти мармузи мухолифи тоҷик ба ватан. Ҷонибдорони Шарофиддин Гадоев видеоеро нашр карданд, ки пеш аз "баргашт"-и ӯ ба Тоҷикистон сабт шудааст. Марде дар Остона таҳдид кард, ки балони газро метарконад. Дар Бишкек ягона маркази тавонбахшии кӯдакони бесаробонро мебанданд. (видеои Настоящее время)

- Маркази тавонбахшии кӯдакони бесаробони Бишкекро мебанданд. (видеои Настоящее время)​

- «Сирри қудрат». Турдуқулов: Отамбоев ба интихобот омода мешавад. Фаъоли маданӣ Одил Турдуқулов дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" дар бораи ёвариаш ба президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва мулоқоти охири ӯ бо раҳбари пешинаш суҳбат кард. (видео)​

- Вохӯриҳои ҳисоботии шаҳрдорони Остона ва Алмато. (нигористон)

- Вакили порлумони Қирғизистон расонаӣ кардани номи қарздорони алиментро пешниҳод кард. (видеои Настоящее время)​

- Ҷоизаи "Оскар" дар бахши либос насиби кӣ мешавад. Довталабони асосӣ(видеои Настоящее время)

- "Агар вай дӯсти Путин намебуд". Дар Москва волидони кӯдаконе, ки ҳафтаи гузашта дар боғчаҳо заҳролуд шуданд, талаб доранд, номи куҳанкорон эълон ва муҷозот шаванд. Ширкати маъруф ба "ошпази Путин" - Евгений Пригожин, ки ғизои боғчаҳоро таъмин мекард, даст доштанашро дар ин ҳодиса рад мекунад. Ҷонибдорони Алексей Навалний ба ҳимояи зиёндидагон бархостанд (видео аз Директ)

- Русия чи гуна Қримро ғасб кард. 20 феврал – рӯзе, ки ба эътирофи мақомоти Украина, ғасби Қрим шуруъ шуд (видео аз Директ)

- Путин чӣ ваъда дод? Вазири молияи Русия Антон Силуанов аллакай ҳисоб кард, ки барои иҷрои ваъдаҳои ахири Путин дар паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ 100-120 миллиард рубл лозим аст. (видео аз Директ)

- Суҳбати муфассал бо президенти нахустини Украина Леонид Кравчук. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG