Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ахиран доллари амрикоӣ камёфт шудааст


Камчин шудани доллар дар бонкҳо ва бо ин баҳона боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар бозори сиёҳ, боиси нигаронии тоҷирон ва сокинони Тоҷикистон шудааст.

Як моҳ боз дар бозори арзи хориҷии Тоҷикистон доллари амрикоӣ камчин шудааст. Ҳадди ақал дар се бонк ва ташкилоти қарзӣ рӯзи 20-уми феврал гуфтанд, ки фурӯши долларро дар сатҳи аз 100 то 200 доллар барои як шахс маҳдуд кардаанд. Сокиноне, ки ба доллар эҳтиёҷ пайдо карда ва ё соҳибкоранд, барои ворид кардани мол аз хориҷа ба асъори нақди хориҷӣ ниёз доранд, мегӯянд, дар ин шабу рӯз доллар харидан аз бонкҳо ба осонӣ даст намедиҳад.

Бо баста шудани саррофиҳо дар се соли пеш хариду фурӯши арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон танҳо дар идораи бонкҳои тиҷоратӣ ва ё ташкилоти хурди қарзӣ сурат мегирад. Дар огаҳиҳои чанде аз бонкҳои шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми феврал қурби 100 доллари амрикоӣ 943 сомонӣ барои харид ва 944 сомонӣ барои фурӯш муайян шуда буд. Аммо як доллар дар “бозори сиёҳ” аз 9 сомониву 80 дирам гузаштааст. Як сабаби дигаре, ки бонкҳо айни замон намехоҳанд ба муштариён доллар фурӯшанд, фарқи қурби он ва вазъи номуайяни бозори арз аст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар як посухи катбӣ дар робита ба камчин шудани доллар гуфт, "маҳдудияте дар фурӯши доллар дар бонк ва муассисаҳои қарздиҳӣ вуҷуд надорад ва аз рӯи имкониятҳои молиявӣ онҳо бояд талаботи муштариёнро қонеъ гардонанд". Кормандони бархе аз бонкҳо мегӯянд, сокинон бештар рубли русӣ мехоҳанд, аммо тоҷирон бештар ба суроғи доллар меоянд.

Фарҳод Шерхонов, як корманди "Соҳибкорбонк" гуфт, "ҳоло бештар мубодила ва интиқоли рубли русӣ зиёд аст, чун мавсими муҳоҷират аст. Доллар танҳо барои соҳибкороне, ки аз хориҷ молу коло меоранд, зарур мешавад. Мо кӯшиш мекунем ба тамоми муштариён хидмат расонем".

Бонки миллии Тоҷикистон чанде пеш эълон кард, ки кишвар ҳар рӯз ба 24 миллион доллар нақди хориҷӣ ниёз дорад.

Масъулони бонкҳо мегӯянд, аз Бонки миллӣ дастур гирифтаанд, нахуст соҳибкоронеро бо доллар таъмин кунанд, ки ба воридоти маҳсулоти ниёзи авввал ва муҳим ба мисли орду сӯишворӣ ва дигар анвои хӯрокворӣ машғуланд. Бо ин вуҷуд, соҳибкорон, хусусан аз тоҷирони Суғдӣ, ки ба воридоти гандум ва орд кардани он машғуланд, шикоят мерасад, ки бонкҳо барои хариди доллар муроҷиат карданд, аммо хостаашон бароварда нашудааст.

XS
SM
MD
LG