Ссылки доступа

Порошенко: Русия Қримро майдони партоби мушакҳои худ карданист


Президенти Украина Петр Порошенко 20 феврал дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, Русия нимҷазираи ишғолии Қримро ба майдони партоби мушакҳояш табдил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар нимҷазира 32,5 ҳазор низомӣ ва беш аз 50 муҷтамаи оташафкану мушакпартои Русия қарор дорад. Ӯ гуфт, Москва аллакай зербиноии сохти силоҳи ҳастаиро дар Қрим гузоштааст.

Президенти Украина дар мавриди Донбасс изҳор дошт, ки феълан дар он минтақа 35 ҳазор ҷудоихоҳи мусаллаҳи рӯ ба Русия ва беш аз ду ҳазор низомии рус ҷойгир буда, ҳудуди 500 тонк, 130 муҷтамаи оташафкан ва ҳудуди 800 низоми тӯпхона доранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҳатто Олмон, Фаронса ва Итолиё ин қадар тонк надоранд.

"Украина дар самти ҳимояти демократия ва озодии фароатлантикӣ ба қаноти шарқии воқеии НАТО табдил ёфтааст", - афзуд ӯ.

Порошенко пешниҳод кард, Русия ба далели таҷовузкориҳояш аз ҳаққи вето дар Шӯрои амнияти СММ маҳрум шавад. Ӯ 19 феврал қонуни тағйирот ба Конститутсияро имзо кард, ки раванди пайвастшавии Украинаро ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО тақвият мебахшад.

Президенти Украина ҳамчунин аз Дабири кулли СММ расман дархост кард, ки ба Русия фишор орад, то маллоҳони боздоштшудаи кишварашро озод кунад. Русия 25 ноябри соли гузашта дар тангнои Керч се киштӣ ва 24 маллоҳи украинро боздошт кард. Маллоҳон гӯиё марзи Русияро нақз кардаанд, вале Украина ҳодисаро таҷовузгарӣ меномад.

Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қримро дар асоси натиҷаи раъйпурсие ишғол кард, ки бар хилофи қонунҳои Украина баргузор шуд. Киев ва Ғарб пайвастани Қримро ба ҳайати Русия нақзи меъёру қонунҳои байналмилалӣ дониста, зидди Москва таҳрим ҷорӣ карданд. Вале Москва онро "барқарории адолати таърихӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG