Ссылки доступа

Қазоқистон транзити газро ба Тошканд оғоз кард


Қазоқистон фиристодани гази Ӯзбекистонро ба воситаи қаламрави худ ба Тошканд оғоз кард. Аз ин газ ҳамчунин минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон истифода хоҳанд кард. Дар ин бора расонаҳо 20 феврал бо истинод ба вазири энергетикаи Қазоқистон Канат Бозумбоев хабар доданд.

Ҳаракати газ аз ҷануби Ӯзбекистон то Тошканд ба воситаи минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон аз лулаҳои Газлӣ - Чимканд ва Бухоро - Газлӣ - Ташканд - Бишкек - Алмато ҷараён хоҳад гирифт.

Гузариши газ ба воситаи Қазоқистон ниёзҳои энергетикии Тошкандро дар фасли зимистон бароварда карда, ҳамчунин ҷануби Қазоқистон бо гази табиӣ таъмин хоҳад шуд.

"Нархи транзитии 1 ҳазор метри мукааби газ бо усули паритет ё баробарӣ $2,9 муайян карда шудааст. Зеро Қазоқистон минтақаи ҷануби худро низ бо газ таъмин хоҳад кард", - гуфт Бозумбоев.

Ширкатҳои "Ӯзтрансгаз" ва "КазТрансГаз" охирҳои соли 2018 барои интиқоли 1 миллиард метри мукааб газ ба Тошканд тавассути Қазоқистон созишнома имзо карданд.

XS
SM
MD
LG