Ссылки доступа

Додгоҳи Москва блогер Мирзохоновро бо гумони робита бо ДИ ҳабс кард


Алибек Мирзохонов

Додгоҳи ноҳияи Мешани Москва 21 феврал блогери исломӣ Алибек Мирзохоновро бо гумони ҷалби одамон ба сафи гуруҳҳои террористӣ ду моҳ ҳабс кард.

Мирзохонов гӯиё соли 2014 ба ду дӯсташ видеои таблиғотии гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро нишон додааст. Ин ду нафар ибтидои соли равон бо ҷурми фаъолияти террористӣ зиндонӣ шуда, ҳоло зидди блогери исломӣ баёнот додаанд.

Блогерро дар аввал бо гумони даст доштан дар задухӯрди гуруҳӣ дар назди қаҳвахонаи "Неолит"-и Москва боздошт карда буданд.

Шаби 14 феврал зодагони Қафқози Шимолӣ дар назди қаҳвахонаи "Неолит" дар кӯчаи "Печатникӣ"-и Москва занозанӣ карданд. Онҳо ба толори қаҳвахона ворид шуда, ба сӯи муштариён бо силоҳи травматикӣ оташ кушоданд. Дар натиҷа чаҳор кас захмӣ ва дар робита ба ин ҳодиса парвандаи авбошӣ боз шуд.

Се рӯз пас Алибек Мирзохонов дастгир гашт. Бародараш мегӯяд, субҳи он рӯз ҳудуди 20 корманди ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи Мирзохонов ворид шуда, манзилро ҷустуҷӯ ва худи блогерро латтукӯб кардаанд. Сипас Мирзохонов ва ҳамаи таҷҳизоти ӯро бо худ бурданд. Пулис ба наздикони блогер гуфта, ки ӯ дар занозании қаҳвахонаи "Неолит" даст дошта, ба "авбошии гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ" айбдор мешавад. Вале онҳо мегӯянд, ин танҳо як баҳонаи "сохта" ва "расмӣ" барои кофтукоби хонаи Мирзохонов буд.

Мирзохонов дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм яке аз блогерони машҳур шумурда мешавад, ки ба саҳифаи ӯ 120 ҳазор корбар обуна шудаанд.

XS
SM
MD
LG