Ссылки доступа

Додгоҳи Ӯзбекистон дар баҳси ҳиҷоб аз раҳбарияти академия ҷонибдорӣ кард


Додгоҳе дар шаҳри Тошканд шикояти донишомӯзи 19-солаи ҳиҷобпӯш Луиза Муминҷоноваро зидди раҳбарияти Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон беасос номид.

Муминҷонова барои беш аз 140 соат иштирок надоштан дар дарсҳо аз академия ихроҷ шуд. Донишомӯз барои он дар дарсҳо иштирок накард, ки раҳбарияти академия вуруд ба таълимгоҳро бо рӯймоли исломӣ манъ кард. Ӯ аз додгоҳ хост, дастури раҳбарияти академияро, ки монеи иштирокаш дар дарсҳо шудааст, ғайриқонунӣ эълом кунад.

Вале додгоҳ қарор кард, ки Муминҷонова дар асоси "нақзи тартиботи дохилӣ"-и академия ихроҷ шудааст.

Раҳбарияти Академияи байналмилалии исомии Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2018 қоидаҳои нави либоспӯширо барои донишомӯзон ҷорӣ кард, ки омадан ба дарсҳоро бо рӯймоли исломӣ, ҷинс ва домани кутоҳ манъ мекунад.

Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2018 бо фармони президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар асоси донишкада ва академияи исломии Тошканд таъсис ёфт.

XS
SM
MD
LG