Ссылки доступа

Ӯзбекистон саҳмашро дар ширкати Pepsi мефурӯшад


Давлати Ӯзбекистон саҳмашро дар ширкати "International Beverages Tashkent" ба фурӯш мегузорад. Ин ширкат тамғаҳои тиҷоратии Pepsi, Zip, 7up, Adrenaline Rush, Lipton ва Mirinda-ро дар ихтиёр дорад. Дар ин бора фармони президент содир шудааст.

Ба иттилои Кумитаи омори он кишвар, 24 дарсади саҳмияҳои ширкати мазкур ба давлат ва 76 дарсади дигари саҳмияҳо ба ширкати Holten Group Corp. тааллуқ дорад.

Ширкати "International Beverages Tashkent" соли 2011 таъсис шудааст.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки давлат саҳмияҳои ширкати "Coca-Cola"-ро низ мефурӯшад.

XS
SM
MD
LG