Ссылки доступа

Кохи сафед: 200 низомии ИМА дар Сурия мемонанд


Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки пас аз бурунрафти нирӯҳои ИМА аз Сурия "як гуруҳи посдорони сулҳи амрикоӣ", иборат аз 200 нафар дар он кишвар барои муддате хоҳанд монд. Ӯ сабаби мондани сарбозонро "ҳимояти Сурия" номид.

Тасмими президенти ИМА Доналд Трамп дар ин бора шаби панҷшанбе, пас аз суҳбати телефонии ӯ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон маълум шуд. Он ба ҳампаймонони аврупоии ИМА имкон медиҳад, ки садҳо сарбози худро барои назорати раванди ташкили ба истилоҳ "минтақаҳои амн" дар Сурия бимонанд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки 200 посдори сулҳи амрикоӣ барои чанд муддат дар Сурия мемонанд ва дар кадом минтақаи он хоҳанд буд.

Президенти ИМА охирҳои соли гузашта эълом кард, ки нирӯҳои ин кишвар аз Сурия бароварда мешаванд. Дар эътироз ба ин тасмими ӯ вазири дифои Амрико Ҷеймс Мэттис ва чанд мансабдори дигари Пентагон аз мақоми худ истеъфо доданд.

Мухолифони Трамп мегӯянд, бурунрафти нобаҳангоми нирӯҳои амрикоӣ гуруҳҳои мусаллаҳи курдро зери хатар хоҳад гузошт. Ин гуруҳҳо дар якҷоягӣ бо нирӯҳои ИМА дар шимоли Сурия зидди тундравон мубориза мебурданд. Туркия борҳо гуфтааст, ки зидди курдҳои маҳаллӣ амалиёти низомӣ ба роҳ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG